22.11.2024
21 ноябр дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои тобеи Агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ, нахуст ҳамаи ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки Парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки Парчами давлатӣ мояи ифтихори сокинони Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа дар назди таърих, наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Дар ҷаҳони муосир ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёр маҳз тавассути рамзҳои давлатии он, махсусан Парчами давлатиаш муаррифӣ мегардад, зеро онҳо нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд, афзуд, Илҳом Мирсаидзода - директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиӣ ва илова намуд, ки «Дар ҳақиқат мояи ифтихор аст, ки миллати тоҷик баъди асрҳо ба шарофати соҳибистиқлолӣ аз нав соҳиби Парчами давлатӣ шуда, таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому мартабаи хос гардид».
Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар бирасанд ва муррифгари Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ бошанд.